Назорати гумрукӣ ва ба расмиятдарории қатораҳои мусофирбарӣ
(Беруннавис аз «Технологияи намунавии ҳамкории мақомоти гумрук ва маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд»)
60. Мавриди назорат ва барасмиятдарорӣ дар қатораҳои мусофирбарӣ қарор мегиранд:
- воситаҳои нақлиётӣ (локомотивҳо, вагонҳои мусофирбарӣ, бағоҷбарӣ ва почта, вагон-тарабхонаҳо, вагон-қаҳвахонаҳо;
- молҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ.
61. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки дар қатораҳои мусофирбар интиқол меёбанд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар воситаҳои нақлиётӣ дар вақти истодани қатора ё ҳангоми дар ҳаракат будани он, ҳамчунин дар утоқҳои нуқтаҳои азназаргузаронӣ (толорҳои азназаргузаронӣ, ҳуҷраҳо барои бағочҳо ва почта, дар анборҳова ғайра) амалӣ карда мешавад.
62. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки бо бағочи ҳамроҳинашаванда ва почта дар вагонҳои бағочбар ва почтакаш интиқол меёбад.
63. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки бо бағочи ҳамроҳшаванда дар вагонҳои мусофирбар интиқол меёбанд, ва молҳое, ки ба хизматчиёни нақлиётӣ таллуқ доранд, мутобиқи қонунгузории гумрук амалӣ мегардад.
64. Дар вагон-тарабхонаҳо (вагон-қаҳвахона) молҳое, ки барои хизматрасонии мусофирон пешбинӣ шудааст, мутобиқи қонунгузории гумрук ҷойгир карда мешаванд;
Барасмиятдарории ибтидоии молҳо аз ҷониби мақомоти гумруки давлате, амалӣ карда мешавад, ки дар ҳудуди он қатора тартиб дода мешавад, бо расмикунонии эъломияи гумрук.
Як нусха эъломияи расмишуда дар вагон-тарабхона барои дар хатти сайр ба мақомоти гумрук пешниҳод намудан нигоҳ дошта мешавад, нусхаи дигар дар мақомоти гумруке, ки барасмиятдарориро амалӣ намудааст.
Аз молҳо ва асъоре, ки ҳангоми барасмиятдарории аввалӣ дарҷ шудаанд, дар тамоми хатти сайр пардохтҳои гумрукӣ ситонида намешаванд (ғайр аз пардохтҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ) ва нисбати онҳо системаи пардохтҳои гаравгонӣ, ҳангоми назорат барои бурда расонидан, истифода бурда намешавад.
Молҳое, ки дар хатти сайр дастрас карда мешаванд, ва асъори ба дастомада мутобиқи қонунгузории гумруки давлате гузаронида мешаванд, ки аз ҳудуди он вагон-тарабхонаҳо сафар мекунанд.
65. Мақомоти гумрук якҷоя бо маъмурияти роҳҳои оҳан бо мақсади назорати босифат ва саривақтии гумрукӣ ва барасмитдарории қатораҳои мусофирбар тартиби ҳамкориҳои мутақобиларо муқаррар менамоянд.
Тартиби зикргардидаи ҳамкориҳо бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
а) вақти истодани қатораҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан аз ҷониби роҳҳои оҳан аз рўи принсипи вақти кофӣ барои гузаронидани назорати гумрук ва барасмиятдарорӣ бо мувофиқаи мақомоти гумрук муайян карда мешавад. Дар навбати худ мақомоти гумрук барои барасмиятдарории саривақтии қатораҳо дар доираи вақти муқарраршуда ҷавобгар мебошанд (масъулият доранд).
б) роҳҳои оҳан мусофиронро дар вокзалҳо ва дар хатти сайр оид ба назорати гумрукии дарпешистода ва муқаррароти асосии қоидаҳои гумрук дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти гумрук хабардор менамоянд.
66. Эъломиякунонии молҳо ҳангоми гузаронидани онҳо аз сарҳадҳои гумрукии байни давлатҳои узви ИДМ бо истифода аз эъломияи гумрук, ки қонунгузории гумрук тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад.
XIII. Масъулият
67. Роҳҳои оҳан ва шахсоне, ки молу мавод ва воситаҳои нақлиётиро аз сарҳади гумрукии кишварҳои узви ИДМ мегузаронанд, барои вайрон кардани қоидаҳои гумрук мутобиқи қонунгузории гумрук ҷавобгар мебошанд.
68. Шахсони мансабдор барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ҷавобгар мебошанд, агар дар лаҳзаи содир намудани қоидавайронкунӣ таъмини иҷрои талаботе, ки қонунгузории гумрукӣ ва созишномаҳои байналхалқии давлатҳои узви ИДМ муқаррар намуда, назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шуда бошад, ба вазифаҳои хизматии онҳо дохил гардад.
69. Зараре, ки дар натиҷаи амали қонунии мақомоти гумрук ба соҳиби бор расонида мешавад, ҷуброн карда намешавад.
Саволу Ҷавоб
Билети роҳи оҳанро аз хазинаҳои билетфурўшӣ ё вокзал дастрас кардан мумкин аст, фақат (танҳо) ба кормандони вокзал (хазинадорони билетфурўшӣ, навбатдорони вокзал, навбатдорони толор, масъулони маълумотдиҳӣ), ки нишони сарисинагӣ доранд, муроҷиат бояд кунед. Барои маълумоти иловагӣ ба дафтари маълумотдиҳӣ муроҷиат намоед. Мусофир ҳуқуқ дорад, ки бо худ ройгон як кўдаки синни то панҷсоларо бе пешниҳоди ҷойи иловагӣ интиқол намояд. Ҳангоми бо мусофир сафар кардани зиёда аз як кўдаки синни то панҷсола, яке аз онҳо ройгон интиқол дода мешавад, боқимонда бо тахфифи то 35% аз арзиши билет бо пешниҳоди ҷойи алоҳида. Ба кўдакони синни аз панҷ то даҳсола, ҳамчунин тахфифи 50% аз арзиши билет бо пешниҳоди ҷойи алоҳида. Барои кўдакони аз даҳсола боло, ҳамчун калонсолон, бояд ҳуҷҷати сафарӣ дастрас карда шавад. Барасмиятдарории ҳуҷҷати сафарӣ дар асоси ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсияти мусофир (шиноснома, билети ҳарбӣ) барои кўдакони синни то 16-сола шаҳодатномаи таваллуд, дар ҳолати часпонида шудани сурати кўдак дар шиносномаи волидайн. Ҳангоми аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони қонунии онҳо баромадани кўдакони ба сини балоғат нарасида (волидайн, бибӣ, холаву амма) бояд боваринома ва ба ҷойи шаҳодатномаи таваллуди кўдаке, ки ба сини 16-солагӣ нарасидааст, ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштан лозим аст. Ҳар як мусофир ҳуқуқ дорад бо худ 36 кг бори дастӣ интиқол диҳад. Дар ҳолати доштани ҳуҷҷат оиди пардохти иловагӣ мусофир ҳуқуқ дорад бо худ то 50 кг борҳои шахсиашро интиқол намояд. Дар ин ҳолат фарқияти интиқоли бағоч дар 14 кг ҳамчун 20 кг пардохта мешавад. Тахфифҳо барои сафарҳои гурўҳӣ. Тахфифҳо барои сафарҳои гурўҳӣ вобаста аз арзиши умумии сафар пешниҳод мешаванд: Имтиёзҳо барои сафари маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафароне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст. Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурўҳҳои 1 ва 2, ҳамчунин шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст. Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз гардонида шудаанд, ҳуқуқи дар як сол як маротиба рафтуомади ройгон доранд. Ҳангоми ҳисоб кардани вазни борбағоч, ки бо вазни то 1000 кг барои интиқол супурда шудааст, вазни бағоч дар ҳама гуна ҳолат то 10 кг пурра яклухт карда мешавад, вазни зиёда аз 1000 кг борбағоче, ки барои интиқол супурда шудааст, то 100 кг пурра яклухт карда мешавад.
Аз куҷо билет харидан мумкин аст?
Барои кўдакон чӣ гуна тахфифҳо мавҷуданд?
Барои барасмиятдарории билет кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Чанд килограмм бори дастӣ интиқол додан мумкин аст?
Барои дастрас намудани билети роҳи оҳан чӣ гуна имтиёзҳо вуҷуд доранд?
Ҳангоми сафари гурўҳҳои муташаккили иборат аз 10 нафар ва зиёда аз он тибқи ҳуҷҷати сафари гурўҳӣ ба андозаи:
-20% аз арзиши умумии сафар дар мавриди аз 10 то 24 нафар иборат будани гурўҳ, маблағи роҳкиро супурдани мусофирони синну соли ба балоғатрасида;
-30% аз арзиши умумии сафар дар мавриди аз 25 нафар ва зиёда аз он иборат будани гурўҳ.
Тахфифҳо барои гурўҳҳои муташаккил ҳангоми сафар аз ҳудуди ҳамаи давлатҳои узви ИДМ, Ҷумҳуриҳои Латвия, Литва ва Эстония пешниҳод карда мешавад.
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурўҳҳои 1 ва 2, ҳамчунин шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст, ҳуқуқи сафари ройгон дар вагони купедори ҳамаи дараҷаҳои қатораҳо дода мешавад, ҳангоми сафар намудан дар вагони СВ 50%-и фарқияти арзиши сафар ситонида мешавад.
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурўҳи 3, ҳамчунин шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст, тахфифи 50% аз арзиши сафар дар як сол як маротиба (рафтуомад) пешниҳод карда мешавад.
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурўҳи 3, ҳамчунин шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст, дар давраи аз 1 октябр то 15 май ҳуқуқи сафар бо тахфифи 50%, бе маҳдудияти миқдори сафарҳо, пешниҳод карда мешавад.
Ба шахсоне, ки маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурўҳи 1 ва шахсонеро, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст, роҳбаладӣ мекунанд, тахфифи 50% аз арзиши сафар, пешниҳод карда мешавад.
Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон ба онҳо баробар карда шудааст, волидайн, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар натиҷаи захмишавӣ, контузия ва ҷароҳатбардорӣ ҳангоми ҳимояи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ ё ҳангоми адои дигар вазифаҳои хизмати низомӣ, ё ки дар натиҷаи беморӣ бинобар дар фронт будан фавтидаанд, ҳуқуқи тахфифи 50% аз арзиши сафар дар як сол як маротиба (рафтуомад) пешниҳод карда мешавад.Вазни бағоч ва борбағоч чӣ тавр яклухт ҳисоб карда мешавад?
Ҳангоми ҳисоб кардани маблағи интиқол ва пардохтҳои иловагӣ барои интиқоли бағоч ё борбағоч бо вазни камтар аз 10 кг барои вазни ҳисобӣ 10 кг қабул мешавад.
Қоидаҳои кашонидани кўдакон дар қатораҳои мусофирбарӣ
Бо 1 мусофир танҳо 1 кўдак, ки синнаш то 5 сола аст ва ҷойи хоби алоҳидаро ишғол намекунад, мумкин аст ройгон сафар намояд.
Кўдакони синнашон то 5 сола бо шахсони калонсол дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ сафар карда ҷойи хоби алоҳидаро ишғол намекунанд лозим аст, ки бо ҳуҷҷати сафарӣ бенишондоди ҷойи хоб ва бапардохти роҳкиро таъмин карда шаванд.
Барасмият даровардани ҳуҷҷати сафарии кўдак, ки ҷойи алоҳидаро ишғол намекунад бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуди кўдак ё ин ки шиносномаи хориҷии волидайн, ки дар он номи фарзандон қайд шудааст, ба иҷро расонида мешавад.
Барои ишғоли ҷойи алоҳидаи кўдаки синнаш то 5 сола лозим аст, ки ҳуҷҷати сафарии кўдакона ба расмият дароварда шавад. Ҳаққи роҳкиро барои ҳуҷҷати сафарии кўдак дар ҳаҷми 35% аз тарифи умумӣ тартиб дода мешавад.
Ҳангоми сафар бо мусофир кўдаки синнаш то 5 сола аз 1-то зиёд, инчунин барои ҳар як кўдаки аз 5 то 10 сола ҳуҷҷати сафарии кўдакона барасмият дароварда мешавад. Барои кўдакони аз 10 сола боло ҳуҷҷати сафарӣ бо арзиши пурра ба расмият дароварда мешавад.
Кўдакони то синни 10 сола беҳамроҳии калонсолон дар қатора барои сафар кардан иҷозат дода намешаванд, истисно аз хонандагоне, ки барои ба мактаб рафтан аз нақлиёти роҳи оҳан истифода мебаранд.
Кўдакони беҳамроҳ ва беҳуҷҷати сафарӣ бударо лозим аст, ки ба наздиктарин шуъбаи корҳои дохилии дар нақлиётбуда супорида шаванд.
Сафар кардани кўдакон дар қатораҳои байналмилалӣ
Ройгон-барои кўдакони то 5 сола беишғоли ҷойи алоҳида (1 кўдак ба 1 мусофир) дар мувофиқа бо тарифи барои кўдакони аз 5 то 10 сола ҳуҷҷати сафарӣ барасмият дароварда мешавад.
Сафар кардани кўдакони то 10 сола дар қатораҳои байналмилалӣ бе ҳамроҳи калонсолон иҷозат дода намешавад, истисно аз ҳолатҳое, ки хонандагон дар муассисаҳои маълумоти умумӣ таҳсил мекунанд ва аз нақлиёти роҳи оҳан истифода мебаранд.
Синни кўдак аз рўзи ба сафар баромадан муайян карда мешавад. Агар дар рўзи гусели қатора кўдак 10 солагиро пур кунад, барои он ҳуҷҷати сафарӣ аз рўи тарифи кўдакона барасмият дароварда мешавад.
Ҳангоми савор шудан кўдаки синнаш ба 14 солагӣ расида дар қатораҳои байналмилалӣ лозим аст, ки шаҳодатномаи таваллуди аслӣ, ё ин ки нусхаи тасдиқ кардаи нотариалӣ пешниҳод карда шавад.
Ҳангоми савор шудани мактаббача аз рўи имтиёзи ҳуҷҷати сафарӣ лозим аст, ки маълумотнома аз муассисаҳои маълумоти умумии шуъбаи таълими рўзона, ки муассисаи мазкур тасдиқ кардааст пешниҳод намояд.
Дар маълумотнома ному насаби хонанда, маълумоти ҳатмӣ дар ҳуҷҷатҳои юридикӣ, ки бе он муомила беэътибор шуморида мешавад, суроғаи мактаб, рақам ва таърихи рўз қайд шуда бошанд. Маълумотнома лозим аст, ки бо муҳри мактаб ва имзои роҳбари муассисаи таълимӣ, ё шахси ивазкунанда тасдиқ шуда бошад.
Сафар кардани кўдакон дар қатораҳои наздишаҳрӣ
Ройгон барои кўдакони то 5 сола.
Дар мувофиқа бо тариф барои кўдакони аз 5 то 7 сола.
Барои кўдакони аз 7 сола боло ҳуҷҷати сафарӣ аз рўи тариф барои сафар кардани калонсолон барасмият дароварда мешавад.
Сафар кардани кўдакони то 7 сола дар қатораҳои аллоқаи байнишаҳрӣ беҳамроҳи калонсолон роҳ дода намешавад.
Агар дар рўзи гусели қатора кўдак 7 солагиро пур карда бошад, барои вай аз рўи тарифи кўдакона ҳуҷҷати сафарӣ (билет) барасмият дароварда мешавад.
Ҳангоми сафар дар қатораҳои алоқаи наздишаҳрӣ бо нишондоди ҷой барои кўдакони то 5 сола, ҳуҷҷати сафарии бепул барасмият дароварда мешавад.
Локин ҳангоми сафар дар қатораҳои алоқаи байнишаҳрӣ бо нишон додани ҷой барои кўдаки то 5 сола, ки ҷойи алоҳидаро ишғол мекунад, барои он аз рўи тарифи кўдакона ҳуҷҷати сафарӣ барасмият дароварда мешавад.
Ёддошт барои мусофирон ва мизоҷон ҳангоми қарор доштан дар вокзалҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, дохили қатораҳо ва дар ҳолатҳои сар задани вазъияти фавқулодда
Муҳтарам мусофирон ва мизоҷон!
Сипосгузорем, ки моро интихоб намудед ва мизоҷи мо ҳастед.
Мо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварем, то ки Шумо дар вокзалҳои роҳи оҳан, ва ҳамчунин дар хатти сайри қатора бароҳат бошед ва сафари боҳузуру ҳаловат дошта бошед.
Ҳангоми қарор доштан дар вокзалу нуқтаҳои истгоҳӣ ва дар дохили қатора хоҳишмандем қоидаҳои зеринро риоя намоед:
- ҳангоми гузаштан аз хатҳои роҳи оҳан зарур аст, ки аз гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, нақбҳо, пулу кўпрукҳо ва ҷойҳои дигари махсус таҷҳизонидашуда истифода намоед;
- ҳангоми дар платформа қарор доштан дар фосилаи бехатар аз канори он истед, то ки аз фишори анбўҳи одамон эмин бошед;
- аз хатти ҳадгузорандаи платформаи мусофирон дарун нагузаред ва то пурра манъ шудани қатора ба вагонҳо наздик нашавед;
- саворшавӣ ва фуромаданро танҳо баъди пурра манъ шудани қатора амалӣ намуда, ҳамзамон ба мусофирони дигар халал нарасонед;
- дар вақти бо зинапоя баромадан ё фуромадан, аз рўи имкон аз тарафи чап, ҳангоми дар эскалатор қарор доштан, дар тарафи рост истода, аз тарафи чап гузаред;
- кўдаконро беназорат нагузоред, махсусан дар вақти саворшавӣ ва ё ҳангоми аз вагон фуромадан;
- чорчарха ва ё дигар воситаҳои нақлиётиро дар ҷойҳое, ки барои нигоҳ доштани онҳо пешбинӣ нашудааст, нагузоред;
- бағочи худро беназорат намонед;
- дар ҳолати ба назар расидани ашёҳои шубҳаноке, ки фаромўш шудааст, ва ё бесоҳиб аст, ба он даст нарасонида, аз ин хусус фаврӣ ба кормандони нақлиёти роҳи оҳан ё кормандони полис (милитсия) маълумот диҳед;
- ҳангоми сар задани ҳодисаи фавқулодда супоришу нишондодҳои кормандони нақлиёти роҳи оҳан, кормандони полис (милитсия) ва мақомоти дигареро, ки барои ҳалли масъалаҳои бартарафсозии вазъияти баамаломада махсус гардонида шудааст, иҷро намоед;
- дар ҳолати сар задани вазъияти фавқулодда ба воҳима роҳ надода, аз рўи аломатҳои ишорашудаи сафарбаркунӣ ва ё бо роҳҳои нишондодаи кормандони нақлиёти роҳи оҳан дарҳол (бетаъхир фаврӣ) ҷои хатарнокро тарк кунед;
- агар Шумо макони ҳодисаи фавқулоддаро тарк карда натавонед, ба ҷои нисбатан бехатар гузаред.
Манъ аст:
- дар ҷойҳои ғайримуқарраршуда гузаштани хатти роҳи оҳан;
- гузаштан аз хатти манъкунанда то канори лаби платформаи мусофирон;
- амалӣ намудани саворшавӣ ва фуромадан аз вагон дар вақти дар ҳаракат будани қатора;
- истодан дар поймонак ва майдончаҳои гузаришии миёни вагонҳои қатора;
- халалдор кардани кушодашавӣ ва маҳкамшавии дарҳои автоматии вагонҳо;
- сар берун кардан аз тирезаҳои вагонҳо ва дарҳои тамбурҳо;
- аз асбобҳои манъкунии қатора бе зарурати фавқулодда таъҷилӣ истифода кардан;
- бо худ доштани маводу ашёе, ки бе печондани мувофиқу дахлдор ё бе ғилоф боиси ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон мегарад ё чизҳояшонро ифлос мекунад;
- партофтани партовҳои маишӣ ё ғизоӣ дар ҷойҳое, ки барои ин пешбинӣ нашудааст;
- зарар расонидан ва ифлос кардани ҳайти ҳаракаткунанда (вагон), таҷҳизот, биноҳо ва дигар иншооти нақлиёти роҳи оҳан, дар онҳо хат кашидан, расм кашидан ё навиштаҷот гузоштан;
- барпо намудани ҳар гуна бозиҳои ҳаракатнок бо истифодаи воситаҳои ҳаракаткунандаи механикӣ (ба истиснои аробачаҳои маъюбӣ);
- бе назорат мондани кўдакон;
- нишастан ё хоб кардан дар зинапояҳо, баромадгоҳҳои захиравӣ ё садамавӣ, ҳамчунин дар ҷойҳои дигаре, ки барои ин ҷудо карда нашудааст;
- қарор доштан дар ҳолати мастӣ, дар зери таъсири маводи заҳрдор ё маводи нашъадор.
- сигоркашӣ дар ҷойҳое, ки барои ин ҷудо нагардидааст;
- бо худ доштан ва интиқол додани маводи заҳролудкунанда, тарканда ва заҳрдор;
- аз назар гузаронидан ва кушодани ашёи шубҳаноки бегонае, ки фаромўш шудааст ё бесоҳиб мондааст;
- доштани саги бе тасмаи гарданбанд ва даҳонбанд;
- истифода кардани воситаҳои алоқа ва асбобҳои гуфтугўкунӣ дар наздикии ашёи шубҳаноке, ки ошкор гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки маъмурияти роҳи оҳан барои зарари расонидаи Шумо, ки дар натиҷаи иҷро накардани қоидаҳои зикргардида ба амал омадааст, ҳуқуқ дорад ҷуброн талаб намояд.
Ба Шумо будубоши бароҳат ва роҳи сафед таманно мекунем!