Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Интиқоли бори дастӣ

Ҳар як мусофир ҳуқуқ дорад, ки бо 1 ҳуҷҷати сафарӣ, ғайр аз ашёи хурд, бо худ бори дастии вазнаш на зиёда аз 36 кг дар вагонҳои дорои купеи дукаса (СВ) – 50 кг, ки андозааш дар ҷамъи се ченак аз 180см зиёд набошад, ройгон интиқол диҳад.

Барои интиқоли бори дастӣ кўдаконе, ки тибқи ҳуҷҷати сафарӣ бе пешниҳоди ҷой ба расмият дароварда шудаанд, ҳуқуқ надоранд;

Ҳангоми сафар дар қатораҳои хатсайри дур мусофир ҳуқуқ дорад иловагӣ ба меъёри муқарраршуда бо худ бори дастӣ бо вазни то 50 кг интиқол диҳад бо ҳуҷҷати сафари иловагӣ харидашуда бо нархи пурра.

Дар қатораи алоқаи атрофишаҳрӣ мусофир ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти алоҳида илова ба меъёри муқарраршуда то 50 кг бори дастӣ интиқол диҳад.
Дар тамбури қатораи атрофишаҳрӣ бо пардохти иловагӣ ба меъёри муқарраршуда интиқоли на зиёда аз як чорчарха дар шакли ба қисмҳо ҷудокарданашуда иҷозат дода мешавад.

Ба интиқоли ашёи техникии видеоэлектронӣ, маишӣ ва аудиотехникӣ ба сифати бори дастӣ, ки бо ҷамъи се ченак аз 180 см зиёд мебошад, новобаста аз бори дастии мусофир на зиёда аз як ашё дар як ҳуҷҷати сафарӣ, дар ҳамаи вагонҳо (ғайр аз вагонҳои дорои ҷойҳои нишасти сахт -  вагонҳои умумӣ), қатораҳои хатсайри дур ва алоқаи атрофишаҳрӣ бо пардохти иловагӣ роҳ дода мешавад.

Ба мусофирони кўдакдор ва маъюбоне, ки қобилияти ҳаракаткуниашон маҳдуд аст, дар қатораҳои хатсайри дур ва алоқаи атрофишаҳрӣ бо худ интиқол додани аробачаҳои кўдакона ва маъюбӣ, ҳамчунин дигар воситахои техникии реабилиатсионӣ, ки барои ҳаракаташон зарур мебошад, иҷозат дода мешавад.
Ҷойгиркунии бори дастӣ дар гузаргоҳҳои байни нишастгоҳҳо, дар долон ва тамбури вагонҳо роҳ дода намешавад.

Ҳуқуқи афзалиятнокро барои истифодаи ҷои поёнӣ барои ҷойгиркунии бори дастӣ дар қатораҳои хатсайри дур мусофире дорад, ки дар қабати поёнӣ сафар мекунад, ҷои болоиро – мусофире, ки дар қабати болоӣ сафар дорад.

Ба сифати бори дастӣ борҳое, ки метавонад ба вагонҳо ва ашёи мусофирон дигар зарар расонанд, ифлос кунанд, ҳамчунин бадбўй, оташангез, заҳролуд, тарканда бошад ва дигар борҳои хатарнок, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, барои интиқол қабул карда намешавад. Яроқи оташфишон ҳангоми интиқол ба сифати бори дастӣ бояд дар ҷилд ё ғилофи махсус нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати ғайрикорӣ, ҷудо аз патронҳо ҷойгир карда шуда бошад.

Маблағи пардохтшудаи сафар дар қатораи хатсайри дур ё алоқаи атрофишаҳрӣ барои масофае, ки тай нашудааст, ва дигар маблағҳои дар ин маврид пардохтшуда, бозгардонида намешаванд.

Ба интиқоли маводи пайдоиши биологӣ, ҳамчун бори дастӣ, дар купеи алоҳидаи чоркасаи вагон дар зери назорати ду ҳамроҳикунанда роҳ дода мешавад.
Дар ҳолати аз нуқтаи интиқоли аввалии қатора бо дархости борфиристанда интиқол шудани маводи пайдоиши биологӣ интиқолдиҳанда купеи алоҳидаро пешакӣ захира карда мемонад. Ҳамзамон, маблағи интиқол, ки ба арзиши ҳуҷҷатҳои сафарӣ барои ҳамаи ҷойҳои купе барои масофаи тамоми хатсайр чунин купе аз истгоҳи интиқоли аввалӣ то истгоҳи таъинот и маводи пайдоиши билологӣ ситонида мешавад.

Главная Мусофирбарӣ Интиқоли бори дастӣ