Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Интиқоли бағоч

Бо ҳуҷҷати сафарӣ, ки ба номи як нафар навишта шудааст, аз ҷумла ба як ҳуҷҷати сафарӣ, ки мувофиқи тарифи интиқоли кўдак бо пешниҳоди ҷой ба расмият дароварда шудаат, на зиёда аз се ҷои бағоҷ ба маблағи се ченаки ҳар як ҷой на зиёда аз 180 см вазни ҳар як ҷой на зиёда аз 75 кг ва вазни умумии на зиёда аз 200кг.

Бағоҷ метавонад барои интиқол пешакӣ қабул карда шавад.

Ашёҳое, ки шиша ё оина доранд, асбобҳои телерадиоӣ ва дигар ашёҳои ба ин монанд барои интиқол қабул карда мешаванд дар зарф ё бастае, ки дар хатти сайр осеб надиданашон таъмин гардад барои боркунӣ ва борфурорӣ бо аломати махсуси пешгирикунанда бар бастаи он.
Аробачаҳои кўдакона ва маъюбӣ, ки ба мусофирон баъди аз қатора фуромаданашон лозим мешавад, барои интиқол метавонанд бе печондан ва бандубаст қабул карда шаванд.

Растаниҳо, аз ҷумла ниҳолҳо ва дигар маводи шинонданӣ (минбаъд - растаниҳо) бе боркунии аз ҳад зиёд дар хатти сайр барои интиқол қабул карда мешаванд. Аз истгоҳҳое, ки дар ҳудуди ноҳияҳои дар карантин қарордошта ҷойгир мебошанд, растаниҳо барои интиқол баъди аз ҷониби мусофир пешниҳод гардидани ҳуҷҷати дахлдори карантинӣ қабул карда мешавад.

Ба сифати бори дастӣ интиқол додани ҳуҷҷатҳои молиявӣ, пул, ва дигар молҳои аводи қимматнок, яроқи оташфишон, маводи бадбўй, заҳролудкунанда, зудалангагиранда, тарканда ва дигар молу маводу ашёи хатарнок, ки ба ваколатдори додугирифти бору бағоҷи қатораҳо, бағоҷи мусофирони дигар ё ба интиқолдиҳанда зарар расонида метавонад, ҳамчунин ашёе, ки зудшикан асту мусофир онро дар дохили ашёҳои бағоч ҳамроҳ печонидааст, манъ мебошад.

Главная Мусофирбарӣ Қоидаҳои ҳамлу нақли бағоҷ