Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Ойинномаи корхонаи воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.   Мувофиқи қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 244 аз 23 марти соли 1995 Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон (Минбаъд Роҳи оҳани Тоҷикистон) табдил дода шудааст. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси Роҳи оҳани Тоҷикистон мебошад.
1.2.   Номи корхона ба забони давлатӣ - Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба забони русӣ - Государственное унитарное предприятие Роҳи оҳани Тоҷикистон мебошад.
1.3.   Амволи Роҳи оҳани Тоҷикистон давлатӣ буда, ба Корхона дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ (Мувофиқи талаботи қ, мод.286 КГ) вогузор карда шудааст.
Роҳи оҳани Тоҷикистон хоҷагидорӣро бо амволи худ татбиқ намуда, ин амволро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад ва мутобиқи салоҳдиди худ дар муносибат бо он хама гуна амалро, ки хилофи қонун намебошанд, раво мебинад. Ба ҳуқуқи хоҷагидорӣ қоидаҳо оид ба ӣи моликӣ, агар дар асноди қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ карда мешавад.
1.4.   Суроғаи Роҳи оҳани Тоҷикистон: индекс: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. кӯчаи академик М.Назаршоев. Бинои 35.

II. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

Роҳи оҳани Тоҷикистон аз рӯзи ба қаӣди давлатӣ гирифта шуданаш Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқиро соҳиб мегардад.
2.1.    Роҳи оҳани Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», Ойинномаи нақлиёти Роҳи оҳани Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунӣ ва зерқонунии кишвар, шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, Ойинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки ба фаъодияташ дахл доранд, ба Роҳбарӣ мегирад.
2.2.    Мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» Роҳи оҳани Тоҷикистон принсипҳои худкифоӣ ва ҳисоби хоҷагиро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти хоҷагии худро дар асоси литсензияе (иҷозатномае), ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дода мешавад, мустақилона пеш мебарад.  
2.3.    Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба (фаъолияти хоҷагии Роҳи оҳани Тоҷикистон дахолат накарда, Мувофиқи ваколатҳои ба вай пешниҳодкардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ва Низомнома «Дар бораи Вазорати нақлиёт», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 485, аз 29.12.2000 с. (бо иловаҳои воридкардаи Қарори Ҳукумати кишвар, рақами 102 аз 4 марти соли 2002) тасдиқ шудааст, ба идоракунии фаврии соҳавӣ, назорат ва ба танзими фаъолияти он роҳбарӣ менамояд.
2.4.    Ойинномаи Роҳи оҳани Тоҷикистонро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
2.5.    Муносибати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномае, ки байни Вазорат ва Роҳи оҳани Тоҷикистон баста мешавад, сурат мегирад.
2.6.    Роҳи оҳани Тоҷикистон метавонад корхонаҳои воҳидии (фаръӣ) соҳибмақоми шахси ҳуқуқӣ, корхонаҳои муштарак таъсис диҳад, намояндагиҳои худро бе ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он таъсис диҳад.
2.7.    Роҳи оҳани Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои молики амволаш масъулият надорад ва соҳибмулк низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 3, моддаи 57-и Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
2.8.    Бо мақсади тақвияти фаъолияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ, омӯзиши талаботи бозори ҷаҳонии хизматрасонии Роҳи оҳан, татбик намудани дастовардҳои навтарини соҳаи боркашонии Роҳи оҳан дар фаъолияти худ, Роҳи оҳани Тоҷикистон мутобиқи тартиботи муқарраргашта узви иттиҳодияҳои соҳавии байналмиллалӣ, ассосиатсиясияҳо ва иттифоқҳо шуда метавонад.
2.9.    Роҳи оҳани Тоҷикистон хангоми адои фаъолияти иқтисодии хоҷагӣ хамчун субъекти ҳуқуқи нақлиётии байналмилалӣ баромад мекунад.
2.10.    Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода ба системаи огоҳонӣ ва ҳаракатҳо дохил мешавад.
2.11.    Роҳи оҳани Тоҷикистон дорои логотип (нишонаи ширкатӣ), ки ба тартиби муқарраргардида тасдиқ мешавад, мебошад.
2.12.    Кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон либоси расмӣ бо нишонаҳои фарқкунанда доранд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.

III. МАҚСАДУ ВАЗИФАҲОИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

3.1.    Мақсадҳои асосии Роҳи оҳани Тоҷикистон чунинанд:
-    таьмини фаъолияти мунтазаму беҳатари нақлиёти Роҳи оҳан дар сатҳи баланди хизматрасонӣ, то ҷойи таъиншуда дар саривақт расонидани бор, мусофирон, бағоҷ ва борҳои бағоҷӣ, таъмини амнияти бор, бағоҷ ва бори бағоҷии кашондашаванда;
-    дар асоси татбики дастовардҳои навтарини илму таҷрибаҳои амалӣ дар соҳаи боркашонии Роҳи оҳан, сарфа намудан ва самаранок истифода бурдани воситаҳои молиявӣ (пулӣ) ва захираҳои моддӣ, ихтисори шумораи кормандони изофа ва хароҷоти нодаркор, аз ҳисоби дуруст истифода бурдани чораҳои хавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ ноил шудан ба болоравии маҳсулнокии меҳнат, расидан ба худкифоии тамоми Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба даст овардани даромад.
3.2.    Бароӣ расидан ба мақсадҳои худ Роҳи оҳани Тоҷикистон масъалаҳои зеринро ҳал менамояд;
-    ташкили идоракунии таъҷилии ҷараёни ҳамлу нақл;
-    таҳия ва тасдиқи ҷадвали ҳаракат ва нақшаи ба танзим даровардани қатораҳо дар алоқамандӣ бо роҳҳои оҳани кишварҳои хориҷӣ, меъёрҳои моҳонаи истифодабарии вагонҳои боркаш ва контейнерҳо, таҳдили иҷроиш ва тасҳеҳи онҳо, назорати истифодабарии вагонҳои боркаш ва контейнерҳо;
-    ба амал баровардани роҳбарии фаврӣ ба корҳои истифодабарӣ, таҳия ва иҷрои ҷадвали ҳаракати қатораҳо, меъёри кори ҳайати қатораи ҳаракаткунанда ва нақшаи боркашонӣ, бағоҷ, бори бағоҷӣ ва мусофирон ба воситаи роҳи оҳан;
-    танзими боркунӣ ва ташкили ҳаракати қатораҳо дар шароити ҳолатҳои фавқулода;
-    таҳияи принсипҳои ягонаи ташкили хадамоти диспетчерӣ, автоматикунонии идораи ҷараёни ҳамлу нақл ва таъмини иттилоотии корҳои истифодабарӣ;
-    иштирок дар таҳқиқоти маркетинӣ доир ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ, бори бағоҷӣ ва мусофиркашонӣ дар нақлиёти Роҳи оҳан, тайёр намудани пешниҳодот оиди пешбинии инкишофи солона ва ояндаи нақлиёти Роҳи оҳан, нақшаи инкишофдиҳӣ ва ҷойгиркунии минбаъдаи иншоотҳои нақлиёти Роҳи оҳан, маҷмӯъи тадбирҳо барои афзун намудани қобилияти ҳамлу нақл дар Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    таҳияи лоиҳаи барномаҳои давлатӣ ва байнидавлатии инкишофи Роҳи оҳани Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-    муайян намудани талаботи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳаҷми таъмир, навкунии қатораҳои ҳаракаткунанда ва контейнерҳо, истеҳсол ва дарёфти қисмҳо ва дигар маҳсулоти муҳими барои онҳо зарур;
-    муайян намудани талабот ба нақлиёти Роҳи оҳан, контейнерҳо ва маблағҳо барои хариди онҳо, инчунин маблағгузории асосӣ ба корҳои сохтмонию васлгарӣ, ба сохтмонҳое, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иҷрои вазифаи фармоишгар дар ин сохтмонҳо, ташкили корҳои муҳофизати табиат дар ҳудуди худ;
-    коркард ва мумайизонидани (экспертизаи) лоиҳаҳои сохтмонҳои нав, васеъкунӣ, навсозӣ ва бо техника муҷаҳҳаз гардондани корхона ва иншоотҳои фаъолиятдошта, ки аз ҳисоби буда ва маблағҳои инвеститсионӣ бунёд мегарданд, марказонидани фаъолияти ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва корхонаҳои сохтмони саноатӣ дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили корҳои молиявию икдисодӣ ва маблағгузории корхонаву ташкилотҳои тобеъ;
-    мувофиқи созишнома бо корхонаҳои тобеъ, созмон додани фондҳо ва захираҳои марказонидашуда барои маблағгузории асосӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
-    таъмини ҳисобу китоби тарафайн дар байни корхонаҳо ва истифодабарандагони хизмати Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурӣ гузаронидани мониторинг дар соҳаҳои тарифҳо, кашонидани борҳо, мусофирон, пушта, бағоҷ да борҳои бағоҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-    ҳисоббаробаркуниҳо бо маъмурияти Роҳҳои оҳани хориҷӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва оморӣ мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро намудани фаъолияти назоратию таҳлилӣ (аналитикӣ) дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои тобеъ;
-    якҷоя бо корхонаҳои тобеъ муайян намудани самти беҳтарини раванди илмӣ - техникӣ ва корҳои таҷрибавӣ - конструкторӣ дар бобати сохтан ва истифодабарии воситаҳои техникии бунёдан нав, технология ва маводҳо дар Роҳи оҳани Тоҷикистон, таъмини маблағгузории ин корҳо;
- иштирок дар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки дар асоси шартнома аз тарафи пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ иҷро мешаванд;
-    якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва динар вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва хориҷӣ муайян намудани талаботи худ ба захираҳои моддӣ - техникӣ, сузишворӣ ва барқ ташаккули анбори аснод;
-    таъмин намудани корхонаву муассисаҳои тобеъ бо мавод, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, ки тариқи содирот оварда мешаванд;
-    ташкили захираи намудҳои асосии маводи моддӣ - техникии эҳтиёти барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои пешбининашуда;
-    ташкили корҳо оиди таҳия ва бастани шартномаву қарордодҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-    ташкили кор оиди ҳифзи захираҳо;
-    таъмини ба сафарбаркунӣ омода будани корхона¬ҳои худ ва ташкили захираҳои моддӣ дар давраи махсус;
-    таҳияи созишнома ва қарордодҳо бо роҳҳои оҳани кишварҳои хориҷӣ (кумитаҳо), ташкилотҳо ва ширкатҳо оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инкишофи алоқаи нақлиётии байналмилалӣ дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-    ташкили назорат оиди риояи коидаи исти фодабарии дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва гармидиҳии барқӣ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    такмилдихии сохтори ташкилии корхонаҳои таркибии Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    ташкил ва гузаронидани корҳои омодагии сафарбаркунӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҷорӣ намудани усули ягонаи омодагии сафарбаркунии кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон, таъмини фаъолияти байниҳамдигарии ташкилотҳои манфиатдор дар масъалаҳои ҳамлу нақл дар давраи махсус, нигаҳдории воситаҳои техникӣ ва маводи арзишнок дар захираҳо барои сафарбаркунӣ ва эҳтиётии давлатӣ ва захираҳои махсус;
-    бо супориши Соҳибмулк ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва бастани созишномаҳои дутарафа дар масъалаҳои фаъолияти нақлиёти Роҳи оҳан бо мақомоти дахлдори идории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил ва кишварҳои соҳили Балтик иштирок намудан;
-    мусоидат намудан ба корхонаҳои тобеъ дар ташкили корҳои вобаста ба густариши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, истиқрори равобити мустақими истеҳсолӣ ва илмӣ - техники бо корхонаю ширкатҳои хориҷӣ;
-    ташкили низоми таълими касбӣ ва иқтисодии мутахассисин дар асоси талаботи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    ҷорӣ намудани сиёсати босамар оид ба кадрҳо, назорат аз рӯи сатҳ ва дараҷаи дониши касбию тахассусӣ ва сифатҳои шахсии кормандони корхонаҳои тобеъ, инчунин Раёсати Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    таҳияи тавсияҳо доир ба шаклҳои ташкил ва хавасмандгардонии меҳнат, танзими меъёр ва шартҳои пардохти музди меҳнат, вақти кор ва исгироҳати кормандон;
-    таъмини шароити махсуси меҳнат, реҷаи вақти корӣ ва фароғати гурӯҳи алоҳидаи кормандоне, ки фаъолияташон бевосита ба ҳаракати қатораҳо вобаста мебошад;
-    дар доираи салоҳияти худ якҷоя бо Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифокҳои касабаи роҳиоҳанчиён барои таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарони Роҳи оҳан чораҳо дидан.
-    Роҳи оҳани Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ фармону нишонҳо, дастур ва дигар санадҳои меъёрӣ мебарорад, ки иҷрои онҳо ба хамаи корхонаю ташкилот, намояндагиҳо ва шӯъбаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳатмист.

IV. ҲУҚУҚУ УҲДАРОРИҲОИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

а) Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳақ дорад:
4.1.    Бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ чӣ дар Тоҷикистон, чӣ берун аз ҳудуди он аз рӯи масъалаҳои хоҷагӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар Ойинномаи мазкур нишон дода шудаанд, шартнома ва созишномаҳо бандад.
4.2.    Локомотивҳо, вагонҳо, биноҳо (манзилӣ ва истеҳсолӣ), техника, дастгоҳу таҷҳизот, ашё, маҳсулоти нафтӣ ва дигар маводи арзишнокеро, ки барои иҷрои фаъолияташ зарур аст, харидорӣ намояд.
4.3.    Бароӣ таъмири парки вагонҳо ва локомотивҳои худ, инчунин вагонҳо ва локомотивҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мошину таҷҳизоти маишӣ, компютерӣ, видеоӣ ва барои хизматрасонии маишӣ ва хизматҳои сервис, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз ҳудуди он устохонаҳо, нуқтаҳои хуроки умумӣ кушояд.
4.4.    Бо сохтмон ва таъмири иншоотҳои истеҳсолӣ, маишӣ - манзилӣ на таъиноти иҷтимоӣ машғул шавад.
4.5.    Барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ, парваришу фарбеҳкунии ҳайвонот хоҷагиҳои ёрирасон ва барои коркарди маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон сех ва заводҳо дошта бошад ва маҳсулоти худро чӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ берун аз он ба фурӯш барорад.
4.6.    Суратҳисобҳо кушояд, аз ҷумла суратҳисоби арзӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳурӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳое, ки дар онҳо ин суратҳисобҳо кушода мешаванд.
4.7.    Ба намудҳои дигари ҳоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул шавад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳое, ки дар онҳо ин намудҳои фаъолият амалӣ мешаванд, манъ накардааст.
4.8.    Мувофиқи меъёрҳои Ойинномаи нақлиёти Роҳи оҳани Тоҷикистон дар кори таъини тартиби ҳисобкунии номиналии тарифҳои мусофиркашонӣ ва ҳамлу нақли борҳо, борҳои бағоҷӣ ва бағоҷҳо ба воситаи роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон, масофаҳои тарифӣ ва ҷаримаҳо, танзими масъалаҳои мутакобилаи икдисодӣ (аз он ҷумла тақсими даромадҳо аз ҳамлу нақл, муҳосиботи борҳои вайроншуда ва воситаҳои техникии нуқсонёфта) дар байни корхонаҳои таъмири нақлиёти Роҳи оҳан ва дигар корхонаву муассисаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон, таҳияи қарордодҳои махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳо ва идораҳои марбут оид ба ҳамлу нақли бору бағоҷ ва мусофиронкашонӣ дар катораҳои хати сайри мустақим ва омехта, иштирок намояд.
4.9.    Тартиби ба Роҳи оҳани худ воридшавии нақлиёти Роҳи оҳани корхонаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли моликияташон, муқаррар намояд:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Замин ва тартиби истифодаи он дар ҳудуди қитъаҳои замини барои Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷудокардашуда, бо мувофака ва иҷрои меъёру қоидаҳои мутобиқи сохтмонӣ биноҳо ва иншоотҳо созад, шароитҳои Роҳҳои оҳану иншоотҳои худро убур кардани қубурҳо, хатҳои алоқаю интиколи барқ ва дигар мувосилот, инчунин масофаҳои кӯтоҳтарини аз иншоотҳои бо истеҳсолот, нигахдорӣ, ҳамл ва аз бор холишавии маводи таркандаю радиоактивӣ, моеоти оташгир ва заҳролуд марбутбударо муайян кунад;
-    тартиби гузаронидани озмоишҳо ва санҷиши дониши қоидаҳои техникии истифодабарии Роҳи охаӣ, шароитҳои техникиии боркунӣ ва мустаҳкамнамоии борҳо, дигар санадҳои меъёриро барои кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон муқаррар намояд.
4.10.    Корхонаҳои фаръӣ соҳибмақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад.
б) Роҳи оҳани Тоҷикистон вазифадор аст:
-    қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин қонунгузории кишварҳоеро, ки дар ҳудуди онҳо фаъолият менамояд, риоя кунад;
-    амволеро, ки давлат ба он барои идораи пурраи хоҷагидорӣ додааст, эҳтиёт намояд, ба ғорат ва гум шудани он роҳ надиҳад;
-    амнияти зиддисӯхторӣ ва экологиро дар ҳудуди худ таъмин намояд;
-    товони зарареро, ки бо айби Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ё кормандони он расонида шудааст, мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, ҷуброн кунад;
-    ҳайати кормандонеро, ки корашон ба ҳаракати катораҳо вобаста аст ва хамчунин ба шароитҳои зараровар ва номусоиди меҳнат дучор меоянд, аз муоинаи тиббӣ гузаронад;
-    сиёсати давлатро, ки ба баландшавии сатҳи зиндагии одамон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо равона карда шудааст, дар Роҳи оҳани Тоҷикистон мақсаднок ҷорӣ намояд;
-    дигар ӯҳдадориҳоеро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхона вогузор шудаанд, иҷро кунад.

IV.  АМВОЛИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

5.1.    Соҳибмулки Роҳи оҳани Тоҷикистон давлат дар симои шахси мақомоти ваколатҳори давлатӣ мебошад.
5.2.    Сармояи ойиномавии Роҳи оҳани Тоҷикистон 95000452 (наваду панд миллиону чорсаду пандоху ду) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи Ойинномавии Роҳи оҳани Тоҷикистонро амволи корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз нав таъсис меёбад, ташкил медиҳад.
5.3.    Моликияти Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ҳуқуқи пурраи хоҷагидорӣ ба Роҳи оҳани Тоҷикистон тааллуқ дошта, Роҳи оҳани Тоҷикистон онро соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ мекунад, ҳамчунин дар ҳудуди муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии заминҳоеро, ки барои Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дорад.
Амволи Роҳи оҳани Тоҷикистон тақсимнашаванда аст ва аз рӯи саҳмияҳо ( ҳиссагузориҳо, сармоягузориҳо ва саҳмгузориҳо), аз ҷумла дар байни кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон имкони тақсим шудан надорад.
5.4.    Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳуқуқ надорад бе розигии Соҳибмулк моликияти дар тарозномаи (баланси) худ бударо мансух дорад.
5.5.    Маҳсулот ва даромади аз истифодаи молу амвол ба даст омада, инчунин маводи арзишноки Роҳи оҳани Тоҷикистон ба тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дар фаъолияти хоҷагидорӣи Роҳи оҳани Тоҷикистон истифода мегардад.
Ҳуқуқи дар хоҷагидорӣ истифода намудани молу амвол дар асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла дар ҳолатҳои бо қарори Соҳибмулк қонунан мансух донистани амволи Роҳи оҳани Тоҷикистон, катъ мегардад.
Манбаъҳои ташкилёбии моликияти Роҳи оҳани Тоҷикистон инҳоянд:
-    молу амволе, ки аз ҷониби Соҳибмулк пурра барои хоҷагидорӣ дода шудааст;
-    даромадҳое, ки аз фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон ба даст омадаанд;
- маблағҳои ҷудошудаи аммортизатсионӣ (мустаҳлаккарда);
-    даромадҳо аз қоғазҳои қимматнок;
-    қарзи бонкӣ ва дигар муассисаҳои қарздиҳанда;
-    дигар маблағгузориҳо, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.

V.    ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН, ТАҚСИМИ ДАРОМАДУ ФОИДАҲО

6.1.    Роҳи оҳани Тоҷикистон фаъолияти худро ба нақша мегирад ва тараққиёти ояндаи худро дар заминаи талабот ба корҳои иҷрошаванда ва хидматгузориҳояш муайян месозад, асоси накшаҳояшро шартномаҳо бо фармоишгарон, аз ҷумла бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
6.2.    Роҳи оҳани Тоҷикистон маҳсулот, корҳо ва хидматгузориҳои худро дар асоси нарху тарифҳои шартномавӣ пешниҳод менамояд, аммо дар мавридҳои Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ пешбининамуда, бо нархҳое, ки аз ҷониби давлат ва шартномаҳои нишонҳодашуда танзим мешаванд, мефурӯшад.
6.3.    Тамоми воситаҳои пулии Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ ба даст оварда мешаванд, дар байни Фондҳои дар Роҳи оҳани Тоҷикистон мавҷудбуда тақсим мешаванд.
6.4.    Фоида аз фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон баъди пардохти хароҷоти моддӣ ва дигар харҷҳои ба он баробар, пардохти музди меҳнат, фоизи қарзҳо, андозҳо ва дигар ӯҳдадориҳои пардохтӣ ташаккул меёбад.
Ин фоида комилан ба ихтиёри Роҳи оҳани Тоҷикистон мегузарад ва худи Роҳи оҳан самтҳои истифодабарии онро муайян мекунад. Аз ҳисоби фоидаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон фондҳои зерин ташкил меёбанд:
-    фонди тараққиёти истеҳсолот;
-    фонди инкишофи иҷтимоӣ;
-    фонди хавасмандгардонии модцӣ;
-    фонди захиравӣ (эҳтиётӣ);
-    дигар фондҳо.
6.5.    Бароӣ таъмини фаъолияти молиявии худ Роҳи оҳани Тоҷикистон баҳисобгирии одили муҳосибӣ ва оморӣ мебарад.
6.6.    Тамоми ҳуҷҷатҳои пулӣ, молӣ, моддӣ, хисобӣ ва қарзӣ, ки ҳамчун асос барои гирифтан ва ё додани пул хизмат мекунанд, индунин ҳуҷҷатҳое, ки барои навиштани асноди муҳосибӣ хидмат менамоянд, фақат бо имзои сардори роҳ, сармуҳосиб ва ё шахсони ваколатҳор тасдиқ карда мешаванд.
6.7.    Роҳи оҳани Тоҷикистон пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии худ, беҳатарию беҳбуди шароити меҳнат, ҳифзи иҷтимоии кормандони роҳ, аъзои оилаи онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ дар ин соҳа таъмин менамояд.
6.8.    Роҳи оҳани Тоҷикистон тибқи тартиботи муқарраргардидаи қонунгузории кишвар барои бо айби худ расонидани осеб ба саломатӣ ва коршоямии кормандони соҳааш ва ё шаҳрвандони дигар, масъул аст.
6.9.    Роҳи оҳани Тоҷикистон шакл, тартиб ва андозаи пардохти музди меҳнат, индунин дигар намудҳои даромади кормандонро мустакилона муқаррар менамояд, андозаи муайяншудаи ҳадди ақали маошро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, таъмин мекунад.
6.10.    Роҳи оҳани Тоҷикистон бо розигии Итгифоки касаба метавонад дар доираи имкониятҳои молиявиаш барои кормандони худ рухсатии иловагӣ, рӯзи кори кӯтоҳкардашуда ва дигар имтиёзҳо муқаррар намояд.

VI.    СОХТОРИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

7.1.    Роҳи оҳани Тоҷикистон аз корхонаҳои таркибии зерин иборат аст:
-    Дастгоҳи иҷроияи Раёсати Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-    Пойгоҳи локомотивии ш. Душанбе;
-    Пойгоҳи локомотивии ш. Ленинобод;
-    Пойгоҳи вагонҳо;
-    Корхонаи воҳиди мусофиркашонӣ;
-    Қитъаоти Душанбегии роҳ;
-    Қитъаоти Куртонтеппагии роҳ;
-    Қитъаоти Ленинободии роҳ;
-    Қитъаоти Ленинободии мухобирот ва алоқа;
-    Қитъаоти Душанбегии мухобирот ва алоқа;
-    Қитъаоти таъмини барқ;
- Қитъаоти механиконидашудаи боркунию борфурорӣ;
-    Истгоҳи Душанбе-1;
-    Истгоҳи Ленинобод;
-    Истгоҳи Конибодом;
-    Хадамоти таъминоти маводи моддӣ-техникӣ;
-    Заводи вагонтаъмиркунии Маҳрам;
- Маъмурияти Роҳи оҳани сохташудаистодаи Қурғонтеппа - Кӯлоб;
- Хадамоти тиббӣ - санитарӣ;
-    Муассисаҳои томактабӣ;
-    Совхози ба номи Кабирови ноҳияи Данғара;
-    Корхонаи воҳиди «Желдорэкспедитсия»;
-    Қатораи сохтмону васлкунӣ;
-    Тарабҳонаи сайёри қатораҳои «Душанбе»;
-    Дорухона;
-    Маркази таълимию маслихатдихӣ;
-    Меҳмонхонаи Душанбе (идора);
-    Намояндагии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Вазорати Роҳҳои (МГТС) Россия;
- Намояндагии Роҳи оҳан дар Ширкати давлатии саҳомии Роҳи оҳани (ГАЖК) Узбекистон "Темир йуллари"
7.2.    Бо сабаби зарурияти истеҳсолӣ, ки ба равнақи кори Роҳи оҳани Тоҷикистон ва баланд бардоштани маҳсулнокии он равона, карда шудааст, сохтори Роҳи оҳани Тоҷикистон метавонад тағйир ёбад.

VII.    ИДОРАИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

8.1.    Идоракунии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо усулҳои икдисодӣ аз рӯи принсипҳои худидоракунӣ, бо ҳамоҳангсозии шаклҳои демократии идоракунӣ ва яккасардорӣ ба Роҳ монда мешавад.
8.2.    Мақомоти идоракунии Роҳи оҳани Тоҷикистон Сардор (директор) мебошад.
- Маъмурияти Роҳи оҳани сохташудаистодаи Қурғонтеппа - Кӯлоб;    ,
-    Хадамоти тиббӣ - санитарӣ;
-    Муассисаҳои томактабӣ;
-    Совхози ба номи Кабирови ноҳияи Дангара;
-    Корхонаи воҳиди «Желдорэкспедитсия»;
-    Қатораи сохтмону васлкунӣ;
-    Тарабҳонаи сайёри катораҳои «Душанбе»;
-    Дорухона;
-    Маркази таълимию маслиҳатдихӣ;
-    Меҳмонхонаи Душанбе (идора);
-    Намояндагии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Вазорати Роҳҳои (МГТС) Россия;
Намояндагии Роҳи оҳан дар Ширкати давлатии саҳомии Роҳи оҳани (ГАЖК) Узбекистон "Темир йуллари"
7.2.    Бо сабаби зарурияти истеҳсолӣ, ки ба равнақи кори Роҳи оҳани Тоҷикистон ва баланд бардоштани маҳсулнокии он равона, карда шудааст, сохтори Роҳи оҳани Тоҷикистон метавонад тағйир ёбад.

VIII. ИДОРАИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

8.1.    Идоракунии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо усулҳои икдисодӣ аз рӯи принсипҳои худидоракунӣ, бо ҳамоҳангсозии шаклҳои демократии идоракунӣ ва яккасардорӣ ба Роҳ монда мешавад.
8.2.    Мақомоти идоракунии Роҳи оҳани Тоҷикистон Сардор (директор) мебошад.
8.7.    Сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон сохтори идоракунӣ ва вохидҳои кориро мустакдлона муайян ва тасдиқ менамояд, Роҳбароии идораҳои таркибии дастгоҳи Раёсати роҳ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, намояндагиҳои тобеи Роҳи оҳанро таъин менамояд. Ҳуқуқ дорад бо фармони худ бо розигии Соҳибмулк корхонаҳои воҳиди (фаръӣ) соҳибмақоми шахси ҳуқуқӣ бо Роҳи ба онҳо ба тартиби муқарраршуда супоридани як қисми амволи худ таъсис диҳад, ойинномаи онҳоро тасдиқ кунад, Роҳбарашонро таъин намояд, бидуни ташкили шахси ҳуқуқӣ чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ берун аз ҳудуди он намояндагиҳои худро ифтитоҳ намояд.
8.8.    Сардор ба манфиати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки онро намояндагӣ мекунад, амал менамояд ва мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи байни Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарордоди басташудаи байни Сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият дорад.
8.9.    Дастгоҳи иҷроияи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки фаъолияти онро роҳбарӣ менамояд, аз хадамот, шӯъбаҳо ва дигар корхонаҳои таркибӣ, ки мувофиқи Низомномаи тасдиқдардаи Сардори Роҳ амал менамоянд, иборат мебошад.
8.10.    Барои коллективона ҳал намудани масъалаҳои фаъолияти ҳаётии Роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз ҷониби онҳо кабул кардани қарорҳои зарурӣ бо фармони Сардори Роҳ Шуроӣ техники - иқтисодӣ таъсис дода, қарорҳои онро бо фармон ва дастурҳои Сардори роҳ дар ҳаёт амалӣ карда мешаванд.

VIII.   ҲИСОБОТИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

9.1.    Роҳи оҳани Тоҷикистон баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти кориашро ба амал бароварда, ба рафти истеҳсолот назорат мебарад, ҳисоботҳо тартиб дода, мутобиқи тартиботи муқарраргашта ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Роҳи оҳани Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва ҳолати ҳисобу китоб, дурустии ҳисобот ва сари вақт ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардани ҳисоботҳои молиявӣ ва оморӣ масъул аст.

IX.   НАЗОРАТ ВА ТАФТИШИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

10.1.    Назорат ва тафтиши фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар сохтор ва корхонаҳои таркибии он риоя шудани қонун ва санадҳои қонунии кишварро Вазорати нақлиёт ва дигар мокомоти давлатӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ваколатҳоро доранд, амалӣ менамоянд.
10.2.    Назорати вазъи нигаҳдории амволи давлатиеро, ки бо ҳуқуқи пурраи хоҷагидорӣ ба Роҳи оҳани Тоҷикистон тааллуқ дорад ва мувофиқи таъинот истифодабарии онро мақомоти ҷумҳуриявӣ оид ба идоракунии амволи давлатӣ иҷро мекунад.

X.    БАРҲАМДИҲӢ ВА АЗНАВТАШКИЛКУНИИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН»

11.1.    «Роҳи оҳани Тоҷикистон» метавонад аз рӯи қарори Соҳибмулк ва ё суд барҳам дода шавад.
Мақомоти қабулкунандаи қарори барҳамдихии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» комиссияи барҳамдихӣ ташкил медиҳад. Комиссияи барҳамдихӣ эълонро дар бораи барҳам додани. Корхона ва мӯҳлатҳои қабули даъво дар матбуот интишор мекунад.
11.3.    Амволи Роҳи оҳани Тоҷикистонро Комиссияи барҳамдихӣ нарх мемонад, дебиторон ва кредиторонро муқаррар менамояд, бо онҳо ҳисоботро баробар мекунад.
11.4.    Аз лаҳзаи ташкил кардани комиссияи барҳамдихӣ ҳуқуқи идораи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба зиммаи он мегузарад.
11.5.    Хднгоми барҳамдихӣ ва азнавташкилкунии Роҳи оҳани Тоҷикистон;
-     ба кормандони озодгашта риояи ҳуқуқҳо ва (давомаш дар саҳифаи дигар) манфиати қонунии онҳо мувофиқи қонунгузошта Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад;
-    Сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии Роҳи оҳани Тоҷикистонро таъмин менамояд.
11.6.    Амволи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баъд аз ҳисобӣ намудан бо буҷа, қарздодагон ва коргарон, ба Соҳибмулк супорида мешавад.
11.7.    Мӯҳр ва штампи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баъд аз барҳамдихӣ ба Соҳибмулк супорида мешавад.

XI.    МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

12.1.    Соҳибмулк ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад баъд аз мувофақа бо Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Ойинномаи мазкур тағйироту иловаҳо ворид намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида аз қайд гузаронанд.
12.2.    Ойиннома аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Роҳи оҳани Тоникистон қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Ойиннома дар Шӯрои техникӣ –
 иқтисодии Роҳи оҳани
Тоҷикистон баррасӣ гашта,
маъқул дониста шудааст.

 

docxОйинномаи корхонаи воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

 

pdfОйинномаи корхонаи воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Главная Оиди ширкат Ойинномаи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон"