Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Назорати гумрукӣ ва ба расмиятдарории қатораҳои мусофирбарӣ

(Беруннавис аз «Технологияи намунавии ҳамкории мақомоти гумрук ва маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд»)

60. Мавриди назорат ва барасмиятдарорӣ дар қатораҳои мусофирбарӣ қарор мегиранд:
- воситаҳои нақлиётӣ (локомотивҳо, вагонҳои мусофирбарӣ, бағоҷбарӣ ва почта, вагон-тарабхонаҳо, вагон-қаҳвахонаҳо;
- молҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ.

61. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки дар қатораҳои мусофирбар интиқол меёбанд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар воситаҳои нақлиётӣ дар вақти истодани қатора ё ҳангоми дар ҳаракат будани он, ҳамчунин дар утоқҳои нуқтаҳои азназаргузаронӣ (толорҳои азназаргузаронӣ, ҳуҷраҳо барои бағочҳо ва почта, дар анборҳова ғайра) амалӣ карда мешавад.

62. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки бо бағочи ҳамроҳинашаванда ва почта дар вагонҳои бағочбар ва почтакаш интиқол меёбад.

63. Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории молҳое, ки бо бағочи ҳамроҳшаванда дар вагонҳои мусофирбар интиқол меёбанд, ва молҳое, ки ба хизматчиёни нақлиётӣ таллуқ доранд, мутобиқи қонунгузории гумрук амалӣ мегардад.
64. Дар вагон-тарабхонаҳо (вагон-қаҳвахона) молҳое, ки барои хизматрасонии мусофирон пешбинӣ шудааст, мутобиқи қонунгузории гумрук ҷойгир карда мешаванд;

Барасмиятдарории ибтидоии молҳо аз ҷониби мақомоти гумруки давлате, амалӣ карда мешавад, ки дар ҳудуди он қатора тартиб дода мешавад, бо расмикунонии эъломияи гумрук.

Як нусха эъломияи расмишуда дар вагон-тарабхона барои дар хатти сайр ба мақомоти гумрук пешниҳод намудан нигоҳ дошта мешавад, нусхаи дигар дар мақомоти гумруке, ки барасмиятдарориро амалӣ намудааст.

Аз молҳо ва асъоре, ки ҳангоми барасмиятдарории аввалӣ дарҷ шудаанд, дар тамоми хатти сайр пардохтҳои гумрукӣ ситонида намешаванд (ғайр аз пардохтҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ) ва нисбати онҳо системаи пардохтҳои гаравгонӣ, ҳангоми назорат барои бурда расонидан, истифода бурда намешавад.

Молҳое, ки дар хатти сайр дастрас карда мешаванд, ва асъори ба дастомада мутобиқи қонунгузории гумруки давлате гузаронида мешаванд, ки аз ҳудуди он вагон-тарабхонаҳо сафар мекунанд.

65. Мақомоти гумрук якҷоя бо маъмурияти роҳҳои оҳан бо мақсади назорати босифат ва саривақтии гумрукӣ ва барасмитдарории қатораҳои мусофирбар тартиби ҳамкориҳои мутақобиларо муқаррар менамоянд.
Тартиби зикргардидаи ҳамкориҳо бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
а) вақти истодани қатораҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан аз ҷониби роҳҳои оҳан аз рўи принсипи вақти кофӣ барои гузаронидани назорати гумрук ва барасмиятдарорӣ бо мувофиқаи мақомоти гумрук муайян карда мешавад. Дар навбати худ мақомоти гумрук барои барасмиятдарории саривақтии қатораҳо дар доираи вақти муқарраршуда ҷавобгар мебошанд (масъулият доранд).
б) роҳҳои оҳан мусофиронро дар вокзалҳо ва дар хатти сайр оид ба  назорати гумрукии дарпешистода ва муқаррароти асосии қоидаҳои гумрук дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти гумрук хабардор менамоянд.

66. Эъломиякунонии молҳо ҳангоми гузаронидани онҳо аз сарҳадҳои гумрукии байни давлатҳои узви ИДМ бо истифода аз эъломияи гумрук, ки қонунгузории гумрук тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад.

XIII. Масъулият

67. Роҳҳои оҳан ва шахсоне, ки молу мавод ва воситаҳои нақлиётиро аз сарҳади гумрукии кишварҳои узви ИДМ мегузаронанд, барои вайрон кардани қоидаҳои гумрук мутобиқи қонунгузории гумрук ҷавобгар мебошанд.

68. Шахсони мансабдор барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ҷавобгар мебошанд, агар дар лаҳзаи содир намудани қоидавайронкунӣ таъмини иҷрои талаботе, ки қонунгузории гумрукӣ ва созишномаҳои байналхалқии давлатҳои узви ИДМ муқаррар намуда, назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шуда бошад, ба вазифаҳои хизматии онҳо дохил гардад.

69. Зараре, ки дар натиҷаи амали қонунии мақомоти гумрук ба соҳиби бор расонида мешавад, ҷуброн карда намешавад.

Главная Мусофирбарӣ Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории қатораҳои мусофирбар