Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Ёддошт барои мусофирон ва мизоҷон ҳангоми қарор доштан дар вокзалҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, дохили қатораҳо ва дар ҳолатҳои сар задани вазъияти фавқулодда

Муҳтарам мусофирон ва мизоҷон!

Сипосгузорем, ки моро интихоб намудед ва мизоҷи мо ҳастед.
Мо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварем, то ки Шумо дар вокзалҳои роҳи оҳан, ва ҳамчунин дар хатти сайри қатора бароҳат бошед ва сафари боҳузуру ҳаловат дошта бошед.

Ҳангоми қарор доштан дар вокзалу нуқтаҳои истгоҳӣ ва дар дохили қатора хоҳишмандем қоидаҳои зеринро риоя намоед:

  • ҳангоми гузаштан аз хатҳои роҳи оҳан зарур аст, ки аз гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, нақбҳо, пулу кўпрукҳо ва ҷойҳои дигари махсус таҷҳизонидашуда истифода намоед;
  • ҳангоми дар платформа қарор доштан дар фосилаи бехатар аз канори он истед, то ки аз фишори анбўҳи одамон эмин бошед;
  • аз хатти ҳадгузорандаи платформаи мусофирон дарун нагузаред ва то пурра манъ шудани қатора ба вагонҳо наздик нашавед;
  • саворшавӣ ва фуромаданро танҳо баъди пурра манъ шудани қатора амалӣ намуда, ҳамзамон ба мусофирони дигар халал нарасонед;
  • дар вақти бо зинапоя баромадан ё фуромадан, аз рўи имкон аз тарафи чап, ҳангоми дар эскалатор қарор доштан, дар тарафи рост истода, аз тарафи чап гузаред;
  • кўдаконро беназорат нагузоред, махсусан дар вақти саворшавӣ ва ё ҳангоми аз вагон фуромадан;
  • чорчарха ва ё дигар воситаҳои нақлиётиро дар ҷойҳое, ки барои нигоҳ доштани онҳо пешбинӣ нашудааст, нагузоред;
  • бағочи худро беназорат намонед;
  • дар ҳолати ба назар расидани ашёҳои шубҳаноке, ки фаромўш шудааст, ва ё бесоҳиб аст, ба он даст нарасонида, аз ин хусус фаврӣ ба кормандони нақлиёти роҳи оҳан ё кормандони полис (милитсия) маълумот диҳед;
  • ҳангоми сар задани ҳодисаи фавқулодда супоришу нишондодҳои кормандони нақлиёти роҳи оҳан, кормандони полис (милитсия) ва мақомоти дигареро, ки барои ҳалли масъалаҳои бартарафсозии вазъияти баамаломада махсус гардонида шудааст, иҷро намоед;
  • дар ҳолати сар задани вазъияти фавқулодда ба воҳима роҳ надода, аз рўи аломатҳои ишорашудаи сафарбаркунӣ ва ё бо роҳҳои нишондодаи кормандони нақлиёти роҳи оҳан дарҳол (бетаъхир фаврӣ) ҷои хатарнокро тарк кунед;
  • агар Шумо макони ҳодисаи фавқулоддаро тарк карда натавонед, ба ҷои нисбатан бехатар гузаред.

Манъ аст:

  • дар ҷойҳои ғайримуқарраршуда гузаштани хатти роҳи оҳан;
  • гузаштан аз хатти манъкунанда то канори лаби платформаи мусофирон;
  • амалӣ намудани саворшавӣ ва фуромадан аз вагон дар вақти дар ҳаракат будани қатора;
  • истодан дар поймонак ва майдончаҳои гузаришии миёни вагонҳои қатора;
  • халалдор кардани кушодашавӣ ва маҳкамшавии дарҳои автоматии вагонҳо;
  • сар берун кардан аз тирезаҳои вагонҳо ва дарҳои тамбурҳо;
  • аз асбобҳои манъкунии қатора бе зарурати фавқулодда таъҷилӣ истифода кардан;
  • бо худ доштани маводу ашёе, ки бе печондани мувофиқу дахлдор ё бе ғилоф боиси ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон мегарад ё чизҳояшонро ифлос мекунад;
  • партофтани партовҳои маишӣ ё ғизоӣ дар ҷойҳое, ки барои ин пешбинӣ нашудааст;
  • зарар расонидан ва ифлос кардани ҳайти ҳаракаткунанда (вагон), таҷҳизот, биноҳо  ва дигар иншооти нақлиёти роҳи оҳан, дар онҳо хат кашидан, расм кашидан ё  навиштаҷот гузоштан;
  • барпо намудани ҳар гуна бозиҳои ҳаракатнок бо истифодаи воситаҳои ҳаракаткунандаи механикӣ (ба истиснои аробачаҳои маъюбӣ);
  • бе назорат мондани кўдакон;
  • нишастан ё хоб кардан дар зинапояҳо, баромадгоҳҳои захиравӣ ё садамавӣ, ҳамчунин  дар ҷойҳои дигаре, ки барои ин ҷудо карда нашудааст;
  • қарор доштан дар ҳолати мастӣ, дар зери таъсири маводи заҳрдор ё маводи нашъадор.
  • сигоркашӣ дар ҷойҳое, ки барои ин ҷудо нагардидааст;
  • бо худ доштан ва интиқол додани маводи заҳролудкунанда, тарканда  ва заҳрдор;
  • аз назар гузаронидан ва кушодани ашёи шубҳаноки бегонае, ки фаромўш шудааст ё бесоҳиб мондааст;
  • доштани саги бе тасмаи гарданбанд ва даҳонбанд;
  • истифода кардани воситаҳои алоқа ва асбобҳои гуфтугўкунӣ дар наздикии ашёи шубҳаноке, ки ошкор гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки маъмурияти роҳи оҳан барои зарари расонидаи Шумо, ки дар натиҷаи иҷро накардани қоидаҳои зикргардида ба амал омадааст, ҳуқуқ дорад ҷуброн талаб намояд.

Ба Шумо будубоши бароҳат ва роҳи сафед таманно мекунем!

Главная Мусофирбарӣ Ёддоштҳо барои мусофирон