Қоидаҳои интиқоли ҳайвонот
Қоидаҳои интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ ва паррандаҳо
- Интиқоли ҳамаи намудаи ҳайвоноти хурди хонагӣ, саг ва паррандагон дар қатораҳо дар ҳамаи вагонҳо (ғайр аз вагонҳои купеи дукаса (СВ) ва вагонҳои дараҷаи роҳатнокиашон олӣ) (сатҳи баланди роҳатнокӣ) дар ҳолати мавҷуд будани иҷозатномаи ветеренарӣ меъёри муқарраршудаи интиқоли бори дастӣ роҳ дода мешавад.
- Интиқоли сагҳо дар қатораҳои мусофирбарӣ дар тамбури ғайрикории вагони сахти якуми баъди локомотив ё дар купеи алоҳида (на зиёда аз ду саг дар як купе) дар зери нигаҳбонии соҳибонашон ё ҳамроҳикунандагоне, ки дар ҳамин вагон бояд сафар кунанд, амалӣ мегардад.
- Сагҳо, ғайр аз онҳое, ки дар қуттӣ ҷойгир карда шудаанд, бо даҳонбанд, бо тасмаи занҷир ё гарданбанд интиқол меёбанд.
- Ҳайвоноти хурди хонагӣ, саг ва паррандагон дар қуттиҳо, сабад, қафас ва контейнер бо худ интиқол дода мешаванд.
- Интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ, саг ва паррандагон бо вазни умумии то 20кг дар қатораҳои хатсайри дур ва қатораҳои атрофишаҳрӣ ҳамчун 20кг барои бағоч, бо вазни зиёда аз 20кг бо пардохти вазни воқеъии бор амалӣ мегардад. Ҳамзамон, ба мусофир квитансияи «бағочи дастӣ» дода мешавад.
- Саги роҳбаладикунандаро мусофирони нобино дар ҳамаи намуди вагонҳо бо худ ройгон мебаранд.
- Интиқоли ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳайвоноти гурўҳи хояндагон ба сифати бори дастӣ иҷозат дода намешавад.
Дар қатораҳои хатсайрҳои дур
Интиқоли ҳайвонҳои хурди хонагӣ, саг ва паррандагон (на зиёда аз як ҷойе, ки тибқи як ҳуҷҷати сафарӣ ба расмият дароварда шудааст ва на зиёда аз ду ҳайвони хонагӣ ё ду парранда дар ин ҷой) бо нархи зиёдтар аз меъёри муқарраршудаи интиқоли бори дастӣ дар купеи алоҳида и вагони сахт (ғайр аз вагонҳои купеи дукаса (СВ) ва вагонҳои дараҷаи роҳатнокиашон олӣ) роҳ дода мешавад. Барои интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ, саг ва паррандаҳо дар қатораҳои хатсайри дур маблағи алоҳида ситонида мешавад.
Ҳангоми интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ, саг ва паррандагон соҳибон ё ҳамроҳикунандагони онҳо риояи талаботи санитарӣ-беҳдоштиро бояд таъмин намоянд.
Дар қатораҳо интиқоли сагҳои калонҷусса бо даҳонбанд ва тасмаи гарданбанд дар купеи алоҳидаи вагони купедор, ғайр аз вагонҳои дараҷаи роҳатнокиашон олӣ, дар зери назорати соҳибон ё нафароне, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, бо пардохти пурраи арзиши ҳамаи ҷойҳои купе, ва бе пардохти иловагӣ барои интиқоли онҳо, амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, миқдори умумии сагҳое, ки дар купе сафар мекунанд, якҷоя бо соҳибон ё ҳамроҳикунандагони онҳо бояд аз миқдори ҷойҳои купе зиёд набошад.
Ба интиқоли ҳайвоноте, ки ҳамлу нақли онҳо ба саломатӣ ва ҳаёти мусофирону кормандони интиқолдиҳанда хатар дошта метавонад, роҳ дода намешавад.
Интиқоли ҳайвонҳои хурди хонагӣ, саг ва паррандагон дар қатораҳои хатсайри дур ва атрофишаҳрӣ дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои байторӣ амалӣ карда мешавад.
Сагҳои роҳбаладикунанда барои маъюбон
Сагҳои роҳбаладикунандаро соҳибонашон бо худ дар ҳамаи намуди вагонҳо интиқол медиҳанд. Саг-роҳбаладикунанда бояд тасмаи гарданбанд ва даҳонбанд дошта, дар назди пойҳои соҳибаш, ки ўро роҳбаладӣ мекунад, қарор дошта бошад бошад.
Интиқоли ҳайвонҳои хонагӣ дар қатораҳои алоқаи атрофишаҳрӣ
Дар қатораҳои алоқаи атрофишаҳрӣ интиқоли сагҳои хурдбе қуттӣ, бо даҳонбанд, бо гарданбанд ва инчунин гурбаҳо дар зери нигоҳубини соҳибонашон ё нафароне, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, иҷозат дода мешавад.
Дар қатораҳо интиқоли сагҳои калон бо даҳонбанд ва тасмаи гарданбанд дар тамбури қатораи алоқаи атрофишаҳрӣ (на зиёда аз ду саг дар як вагон) дар зери нигаҳбонии соҳибонашон ё нафароне, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, бо пардохти ҳаққи интиқолашон амалӣ мегардад.
Барои интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ, сагҳо ва паррандаҳо дар қатораҳои алоқаи атрофишаҳрӣ маблағ ситонида мешавад.
Интиқоли ҳайвонҳои хурди хонагӣ, сагҳо ва паррандаҳо дар қатораҳои хатсайри дур ва алоқаи атрофишаҳрӣ дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдори байторӣ амалӣ карда мешавад.