Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Маҷлиси умумӣ дар комиҷроияи ибтидоии ҳизбии «Роҳи умед»-и ҲХДТ дар Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 20.04.2020

21 April 2020

Иштирок доштанд: Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон – Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - раиси комиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, аъзои Раёсати комиҷроияи ибтидоии ҲХДТ, сардорони хадамотҳо ва ташкилоту муассисаҳои роҳи оҳан

РӮЗНОМАИ МАШВАРАТ:

Коронавирус –роҳҳои пешгирии он ва таблиғи тарзи ҳаёти солим

Нахуст аз рӯи масъалаи рӯзнома Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - раиси комиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ К. Мирзоалӣ ба ҳозирин оид ба талошу иқдомҳои раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию шукуфонии мулк, нуктаҳои калидии Паёми Пешво маълумоти фарогир дода, сипас оид ба тадбирҳои аввалиндараҷаи пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии Covid-19, риояи гигиенаи шахсӣ, дода нашудан ба ҳангомаву воҳимаҳои беасосу бебунёд, истифода аз маводи антисептикӣ, муроҷиати саривақтӣ ба табибон, кӯмак ба дармондаву ниёзмандон бобати тозакориву безараргардонии манзилҳои зисташон, ривоҷи хайру эҳсонкорӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, пешгирии исрофкорӣ, аҳамият додан ба таҳсилоти пайвандон ва дигар масоили доғи рӯз сӯҳбат карданд.

Сипас сартабиби хадамоти тиббию санитарӣ – Беморхонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Ҳайдар Ёров иттилоъ дод, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020 №АП-1365 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии Covid-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ бо Фармоиши №72 аз 27.03.2020 нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия гардида, гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ ташкил шудааст, ки он мувофиқи имкониятҳо бо лавозимоту техника ва доруворӣ таъмин мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи мутахассисони хадамоти тиббию санитарии корхона дар ҳамкории созанда бо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар тамоми муассисаҳои таркибии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чораҳои зиддиэпидемикӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла дар байни роҳбаладон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолати гумонбарии мусофирон бо нишонаҳои коронавирус гузаронида, дар вокзалҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтару Кӯлоб ҳамарӯза лексияҳо хонда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

 

photo1

 

Дар баробари ин толорҳои истгоҳу вокзалҳо ва биноҳои маъмурии корхонаҳои роҳ бо лавҳаҳои иттилоотии зидди ин вабои аср таъмин карда шуда, пайваста корҳои безараргардонии махсус гузаронида мешавад.

Ба таври мушаххас дар ин муддат зиёда аз 17 ҳазор мусофир аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, тақрибан 500 вагони боркаше, ки аз кишварҳои осебпазир ба қаламрави мо ворид гардиданд, бо маводҳои антисептикӣ безарар гардонида шудаанд. Корҳо дар ин самт зери назорати қатъӣ буда, баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ пайваста чораҷуӣ карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки феълан фароғатгоҳи беруназшаҳрии роҳиоҳанчиён дар дараи Ромит барои 100 ҷой ва поезди санитарӣ дорои 376 ҷой барои карантин омода карда шудааст.

Корҳо дар ин самт таҳти назорати доимӣ ва ҷиддӣ қарор дорад.

Галерея изображений