Хабарҳои аз railway.tj
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН»
1 дақ. хондан
Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ аз аҳамияти таърихии ин санаи муҳим, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ёдоварӣ карда шуд.
Дар фарҷом иштирокдорон ба муносибати ин ҷашни давлатӣ табрик гуфта шуда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз орзуҳои нек баён гардиданд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
